Маълумоти охирин
Главная / Илм / ХАТИ ФОРСИИ КАДИМ

ХАТИ ФОРСИИ КАДИМ

ХАТИ ФОРСИИ КАДИМ, системаи хати хичоии мехист, ки аз он барои сабти осори забони форсии кадим истифода шудааст. Манбаъхои пайдоиши хати форсии кадим аник муайян нагардидаанд. Чихати асосие, ки ин хатро ба хатхои мехии элами ва аккади каробат додааст, истифода шудани аломати мехмонанд чун унсури хат мебошаду бас. Шох Дорои 1 дар яке аз катибахо худро ихтироъкори хати форсии кадим номидааст. Эхтимоли кави он аст, ки бо фармони Доро дабиронаш ин хатро ихтироъ кардаанд.

Xати форсии кадим 36 аломат дошт ва аз чап ба рост мавишта мешуд. Аз 36 аломати хати форсии кадим се ададаш харфи садонок, бисту дутоаш хамсадо +а (ка, dа, rа ва гайра), хафтоаш хамсадо + i (ku, tu, du ва гайра) ва чортоаш хамсадо + i (di, mi, vi) буд. Шаклп: харфхои хамсадо вобаста ба садоноке, ки баъд аз онхо меояд, тагйир меёбад. Дар хати форсии кадим ду аломат барои чудо кардани калимахо (пас аз анчоми калима навишта мешуданд), панч хузвориш, аломатхои махсус барои ишораи шуморахо мавчуданд. Бо хати форсии кадим Катибаи Бесутун ва дигар Катибахои Хахоманшпиён навишта шудаанд.

Кашф ва рамзкушои (дешифровка)-и хати форсии кадим таърихи дуру дароз (аз асри 15 огоз офтааст) дорад. Дар ин кор хиссаи сайёхони европои Иосифат Барбаро (сафири Венесия дар Эрон), Антонио де Гувеа (сафири Испания ва Португалия), Петро делла Валле (сайёхи италияви), олимон Энгелберт Кемпфер, Карстен Нибур, Олаф Герхард Тихсен, Карл Генрих Мюнтер, Силвестф де Саси, Гротефенд, Г. Роулинсон, Т. Бенфей, Ж. Опперт, Фр. Шпигел, К. Коссович (олими рус) ва дигарон калон аст. Пас аз рамзкушопи хати форсии кадим матнхои ба забонхои элами ва бобули навишташудаи Хахоманишиён, яъне тарчумаи катибахои онон ба Xати форсии кадим хонда, рамзкушои карда шуданд.

Адабиёт: Соколов С. Н.. Древнеперсидский язык дар китоби: Основы иранского языкознания. Древнеиранские языки, Москва, 1979; Кеnt  R. G., Оld Регsian. Grammar, texts, lехicon,                    Наvеn, 1953.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …