ХАРТУМЧАДОРҲО, гамбускҳои нӯлдароз (Curculionidae), як оилаи гамбускҳоро гӯянд, қи қисми пеши сарашон ба монанди хартумча дароз шудааст. Аксари хартумчадорҳо фитофаганд, яъне узвҳои гуногуни растаниҳои сабзро мехӯранд; танҳо баъзеи онҳо, масалан, Соssоnus дар чӯби пӯсида афзоиш мекунанд ва кирминаи онҳо решаи растаниҳоро мехӯрад.
Бисёр хартумчадорҳо зараррасонҳои зироати хоҷагии қишлоқ мебошанд: гамбуски лаблабу, юнучқахӯрак, гамбуски пахта (Аnthonomus grandis), гулхӯраки себ (А. роmorum), гамбуски ҷалғӯза (Сиrculio glandium), гамбуски нахӯд (Sitona Lineatus) ва ғайра.
Tags Гамбусак
Инчунин кобед
САЪБА
САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …