Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ХАРГУШӢ

ХАРГУШӢ

ХАРГУШӢ, Xаргӯшии I ва II, қабристони мансуб ба асрҳои 5—3 то м., ки ҷанубу —шарқтари деҳаи Харгӯшии раёни Ишкошими ВАБК воқеъ аст. Xаргушии 1-ро бостоншиносон А. Н. Бернштам (1948) ва Б. А. Литвинскпй (11959) тадқиқ намудаанд. Аз он 11 пушта кушода шуд. Андозаи пушта ва қабрҳои Xаргуши, гуногун буда, дар онҳо ҷасадҳоро ба таври гуногун гӯронидаанд.
Соли 1960 бостоншинос М. Бубнова 1,5 км шарқтар аз деҳаи Харгӯшӣ қабристони Xаргуши II-ро кашф кард, ки он аз 10 пушта иборат аст. Пуштаҳо дар масофаи 300 м пароканда ҷой гирифтаанд. Дар қабр ҳамроҳи майит гӯшвораҳои нуқрагию биринҷӣ, тугмаҳои садафӣ, муҳраҳои қиматбаҳо, дегчаи гӯшакдор, зарфҳои гуногун, боқимондан матоъҳои пашмӣ, шонаи чӯбӣ, дастпона, нигин, корд ва бисёр дигар асбобҳои зебу зинат ба даст омаданд.
Адабиёт: Литвинский Б. А., Древние кочевники.«Крыши мира», Москва, 1972.
Ӯ. Бобоев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …