Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич

ХАЛТУРИН Степан Николаевич (21. 12. 1856 ё 2. 1. 1857, деҳаи Халевини (дертар Журавлии Боло) уезди Орлови губернияи Вятка, ҳозира раёни Халтурини вилояти Киров—3. 4. 1882, Одесса), коргари рус, революционер. Аз оилаи деҳқон. Тирамоҳи 1875 ба Потербург омада, дар корхонаҳои саноатии мухталиф кор кард, бо революсионерҳои халқчӣ алоқа барқарор намуд (Г. В. Плеханов ва дигарон), дар кружокҳои коргарӣ ташвиқот бурд, дар тайёр намудани намоиши Қазон (1876) ва намоиши дафни қурбоншудагони таркиш дар заводи Патрон (9 декабр 1877) иштирок кард. Xалтурин ҳамроҳи
В. П. Обнорский ташкилоти «Иттифоқи шимолии коргарони рус»-ро ташкил намуда, роҳбари он шуд ва программаи онро тайёр кард. Дар ташкил ва гузаронидани корпартоӣ дар заводҳои Петербург (солҳои 1878— 79) иштирок кард. Тирамоҳи 1879 ба гурӯҳи «Народная воля» ҳамроҳ шуд. Бо мақсади суиқасд ба Александри II бо номи Степан Батышков, ба Қасри зимистонӣ дуредгар шуда ба кор даромад. 5 феврали 1880 дар қаср таркиш ба вуҷуд овард, аммо шоҳ зинда монд. Xалтурин 1 марти 1881 баъди аз тарафи народоволчиён кушта шудани Александри II ба Комитети иҷроияи «Народная воля» дохил шуда, дар байни коргарони Москва ташвиқот бурд. Xалтурин бо супориши Комитети иҷроия ҳамроҳи Н. А. Желваков 18 марти 1882 дар шаҳри Одесса прокурори ҳарби — генерал В. С. Стрелниковро кушт. Ҳангоми ҳабс худро Степанов номид ва бо ҳамин ном аз тарафи суди округи ҳарбӣ ҳукми қатл гирифт ва ба дор кашида шуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …