ХАЛЦЕДОН (аз номи шаҳри қадимии Халкедон — Сhalkedon дар соҳили баҳри Мармар), минерал, навъи нимшаффоф ва микрокристаллии кварц. Дар таркибаш омехтаҳоя Ғе3+, А13+, то 1—1,5% об ва ғайра дорад. Сохташ нахдор. Рангаш сафед, хокистарӣ, бӯр, кабуд, сабз, зардча, сурхча ва ғайра.
Баъзан рах-рах, доғдор ё нақшдор мешавад. Xалседон минерали бисёр паҳншудаи ҷинсофарин буда, он аз маҳлулҳой гидротермалии пастҳарорат, инчушин дар нросеосҳои диагенез, эпигенез ва фарсоиш пайдо мешавад. Баъзе намудҳои халседон (ақиқ. ҷазъ, хризолраз, салфирин ва ғайра) ҳамчун санги ороишӣ аз замонҳон хеле қадим маълум аст. Ҳоло халседонро дар заргарӣ барои тайёр қардани асбобҳои дақиқ ба кор мебаранд.