Маълумоти охирин

ХАЛА

ХАЛА, қуланҷ, хурӯҷи дарди шадиду ногаҳониест, ки ҳангоми ташаннуҷи ягон узви батн пайдо мешаванд. Якчанд намуди Xала маълум аст: гурдавӣ (ҳангоми пайдоиши санги гурда, гидронефроз, нефроптоз, поликистоз, сили гурда ва ғайра) ҷигарӣ (ҳангоми нойчаи талхаронро руст кардани санг), ғадуди зеримеъдавӣ (айёмн пайдошпи панкреатит, санги ғадуди зери меъда ва ғайра), кирмрӯдагӣ, рӯдагӣ (дар натиҷан вайрон шудани функцияи рӯдаи ғафс) ва ғ.

157668035

X. дар натиҷаи аз бод (газ) ёзидани ягон қисми руда (Халаи бодӣ) ва аз сурб заҳролуд шудан (Халаи сурбӣ) низ ба амал меояд. Ҳангоми Хала баъзан ҳолати умумии организм бад шуда, шахс қайд мекунад. Хала аз якчанд дақиқа то якчанд соат давом карда метавонад.
Муолиҷа ва пешгирӣ: барҳам додани бемориҳое, ки боиси Хала мегарданд; доруҳои рафъи дард.
М. Бобохоҷаев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …