САДТУМОНӢ, гули к о ф а р, гули маҷаҳ, саллагул, пион (Paeonia), ҷинси гиёҳҳои бисёрсола ё буттаҳои қадпасти ҳамешасабзест аз оилаи маҷаҳиҳо (Paconiaceae).
Барги пармованди чок-чок ё себарга, гули калон-калону (бараш 6—12 см) серопулбарг (гули намудҳои худрӯл Садтумонӣ 5—8-барга)-и зард, сафед, сурх, гулобӣ ва тухми сиёҳи ҷилодор, меваи «баргак» дорад. Дар дунё 35— 47 намуди Садтумонӣ (ноҳияҳои мӯътадил ва кӯҳсори Евросиё, инчунин 2 намуд дар Америкаи Шимолӣ) месабзад. Дар СССР (Қисми европоӣ, Кавказ, Сибир, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) қариб 20 ва аз ҷумла дар Тоҷикистон 1 намуди Садтумонӣ — гули мачоҳ (Р. intermedia) мерӯяд.
Садтумонӣ гули маъмул аст. Аз он (Р. 1асtiflora) навъҳои гуногуни боғиро рӯёнидаанд. Навъҳои боғии Садтумонӣ гулҳои базеб буда, боғу чорбоғ, хиёбону гулгаштҳоро оро медиҳанд. Чанд намуди Садтумонӣ (Р. suffruxicosa, Р. iutea, Р. delavayi, ва ғайра)-ро дар Боғи ботаникии Институти ботаникаи АФ РСС Тоҷикистон мепарваранд. Баъзе намудҳои Садтумонӣ —Р. intermedia, Р. officinale, Р. anomaia шифобахшанд.
Ад.: Краснова Н. С., Пионы, М., 1971; Флора Таджикской ССР, т. 4, Л., 1973.
М. Ҳоҷиматов.