Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Сулолаи ҒУРИЁН

Сулолаи ҒУРИЁН

ҒУРИЁН сулолаи султонҳои вил. куҳии Ғур, ки с-ҳои 1448—1206 ҳукмронӣ ва давлати Ғуриёнро ташкил кардааст. Асосгузори сулолаи Ғ. Сайфиддин ибни Иззуддини Ҳусайн (аз хонадони Сурӣ) буд. Давлати Ғуриён дар аҳди Ғиёсуддин Муҳаммад (ҳукмр. 1163—1203) ва Шаҳобуддин (ҳукмр. 1203—06) қариб тамоми хоки ҳозираи Афғонистан, Синд, Панҷоб, Банорас ва диг. вилояту шаҳрҳои Ҳиндустонро зери тасарруфи худ даровард. Ш-ҳои Фирузкуҳ ва Ғазна пойтахтҳои Ғ. шуданд. Давлати Ғ. дар натиҷаи мубориза бо Хоразмшоҳиён суст шуд ва с. 1206 барҳам хурд.

Ад.: Гафуров В. Г., Таджики. Древнейшая. древняя и средневековая  история, М., 1972.

А. Валиев

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …