Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ҒОИБОВ Суяр

ҒОИБОВ Суяр

ҒОИБОВ Суяр (1905, деҳаи Куркати р-ни Нов—16. 1. 1967, ҳамон ҷо), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1948). С-ҳои 1930—48 колхозчӣ, 1948—52 сардори бригадаи пахтакории к-зи ба номи М. И. Калинин,     1953—66 колхозчии к-зи «Гулистон» (ҳоло 50-солагии СССР)-и р-ни Нов буд. Ғ. дар инкишофи пахтакории р-н саҳми босазо гузошт. Бо ордени Ленин ва медалҳо мукофотонида шудааст.

М. Халилов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …