Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Газетаи «САДОИ ФАРҒОНА»

Газетаи «САДОИ ФАРҒОНА»

«САДОИ ФАРҒОНА», газетаи пешазреволютсиониест, ки равияи ҷадидӣ дошт ва афкори зиёиёни маърифатпарвар ва тоҷирони водии Фарғонаро ифода мекард. Муассис, ношир ва муҳаррираш Обидҷон Маҳмудов буд. Чопи «Садои Фарғона» 3 апрели 1914 cap шуда, ҳафтае се бор мебаромад. Ҳамагӣ 8 моҳ нашр шуд ва андаке бештар аз 100 шумора интишор гардид.

newspapers

Аз 17 июли 1914 бо номи «Ферганское эхо» ҳафтае се маротиба ба забони русӣ мебаромад. «Садои Фарғона» ба забони ӯзбекӣ чоп мешуд ва ба забони тоҷикӣ ҳам шеъру мақолаҳо дарҷ мекард. Бинобар ин « Садои Фарғона »-ро бештар соҳибсаводони тоҷик мехонданд.
И. Усмонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …