Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Газетаи «РУССКИЙ ТУРКЕСТАН»

Газетаи «РУССКИЙ ТУРКЕСТАН»

«РУССКИЙ ТУРКЕСТАН» («Туркистони Рус»), газетаест, ки аз соли 1898 то 1917 дар Тошкент нашр шу¬дааст. Солҳои 1905—1907 он ба тарғиби ақидаҳои с-д cap кард. Дар ин давра дар он М. В. Морозов, А. В. Худаш, А. П. Голберт, Г. И. Шавдия, В. В. Биковский барин сотсиал демократхо кор мекарданд. Газета меҳнаткашони Осиёи Миёнаро даъват менамуд, ки револютсияи якуми русро дастгирӣ намоянд. «Русский Туркестан» хонандагони худро бо моҳият ва мақсади муборизаҳои синфӣ шинос мекард. Газета оид ба муборизаи синфии меҳнаткашони Осиёи Миёна ва ҳамрайъии пролетариати миллатҳои гуногун мақолаҳо чоп карда, таъкид менамуд, ки «ҳамpaйъӣ ва садоқат ба кори худ шарти асосии муваффақият аст». Ҳукумати подшоҳӣ барои тамоюли пешқадамаш солҳои 1905—1906 муҳаррирони «Русский Туркестан» Морозов, Худаш, Борейшаро ба ҷавобгарӣ кашид. Нимаи дуюми соли 1906 газета бо номҳои «Туркестан», ва «Вперёд» баромад. Аввали соли 1907 газета боз бо номи пештара нашр гардид. Адади нашр 2 ҳазор нусха.
И. Усмонов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …