Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА,

ФУЗАРИОЗИ ПАХТА, як навъ касалии ниҳоли пахтаро гӯянд, ки занбӯруғи ҷинси Ғusarium ба вучуд меоварад. Дар СССР ин касалиро бори аввал дар ниҳоли пахтаи маҳиниахи раёни Хуҷанд (1938), баъд Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон ва вилояти Сурхандарёи Узбекистон (1940) ошкор кардаанд. Он вақтҳо аксари навъҳои пахтаи (маҳиннах (35—1,23, 2ИЗ ва ғайра) ба ин касалӣ тобовар набудаанд. Соли 1965 хоҷагиҳои пахтакор навъҳои ба касалӣ тобовари пахта (5595-В, 6465-В, 624943 ва ғайра)-ро киштанд ва тадбирҳои самарабахши агротехникиву муҳофизатӣ андешиданд; дар натиҷа касалӣ 2,5—3 маротиба кам шуд. Алҳол пахтазори фақат баъзе «хоҷагигҳо (раёнҳои Шаҳртуз, Колхозобод, Вахш ва Хуҷанд) ба фузариоз гирифтор мегардад.

paxta

Баҳори баъзе солҳо аз фузариоз қариб 50—60%-и ниҳолҳои пахта нобуд мешаванд. Агар касалӣ дар давраи шонабандии ниҳолҳо сар занад, он гоҳ 20—25%-и ниҳолҳо талаф мешаванд; рушду инкишофи ниҳолҳои касал суст шуда, онҳо ҳамагӣ 2—3 ғӯзаи норас мебанданд. Агар фузариози пахта дар давраи гул ва дертар пайдо шавад, он гоҳ ниҳол хушк мешавад, шона, гул ва ғӯрак мерезад, кӯрак хом ва нимкушод мемонад. Кӯраки ниҳолҳои касал андаряк 36,7—5°1,8% кам ва вазни нахи як ғӯза аз 14,7% то 34у2% сабук мешавад.
Ангезандаи фузариози пахта шакли махсуси занбӯруғи Ғusarium охуsporum f. fasinfectum буда, дар хок месабзад. Занбӯруғ аз замин ба бофтаҳои растанӣ медарояд. Маҳсули мубодилаи моддаҳое, ки решаи занбӯруғ ҷудо мекунад, дар растанӣ ғун шуда, тавассути об ба бофтаҳо дохил мешавад ва ба касалӣ мусоидат мекунад. Ҳангоми аз занбӯруғҳои Ғusarium осеб дидани ғӯза пӯст ва пунбаи он мепӯсад. Дар пӯст ва нахи ғӯза моддаҳои дурушти сафед, гулобӣ ва сурхи муммонанд ҳосил мешавад. Аз рӯи ин моддаҳои муммонанд фузариозро аз пӯсиши гулобӣ (гард ҳосил мешавад) фарқ мекунанд. Бисёр намудҳои Ғusarium (алалхусус занбӯрурҳои Ғ. Udum Ғ. еn охуsporum ва ғайра) ангезандаи фуаариози ғӯзаанд.
Адабиёт: Головин Л. Н., Болезни хлопчатника, Ташкент, 1953; (Менликиев М. Я., Фузариознос увядание хлопчатника, Душанбе, 1976.М. Я. Менликиев.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …