Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФУЗАЙЛ МАХСУМ

ФУЗАЙЛ МАХСУМ

ФУЗАЙЛ МАХСУМ (соли таваллуд ва вафот номаълум), сардори дастаи босмачиёни Қаротегин, собиқ амалдори амир. Аз деҳаи Метаниёни Қалъаи лаби оби вилояти Ғарм. Бо Анварпошшо дар Бухорои Шарқӣ наздик шуд. Вале баъди шикаст хӯрдани Анварпошо ба Қаротегин гурехта, худро мири он эълон кард. Ибтидои соли 1923 вай дар Қаротегину Дарвоз тамоми дастаҳои босмачиёнро муттаҳид намуд. Барои шикаст додани Фузайл Махсум Фронти Туркистон Экспедисияи ҳарбии Қаротегинро ташкил карда, 29 августи 1923 Ғарм, 12 август Дарвоз, Қалъаи хумро озод намуд. Фузайл Махсум 23 августи 1923 ба хориҷа гурехт. 13 апрели 1929 Фузайл Махсум бо дастаи худ аз Панҷ гузашта Қалъаихумро забт намуд ва бисёр коркунони советӣ, коммунистону комсомолон ва фаъолону деҳқононро ба қатл расонд.
У аз Ҳоит ба Ғарм равона шуд. Дар Ғарм (деҳаи Нимичи Поён) 21 апрели 1929 отряди 18-нафараи коркунони масъули советӣ бо дастаи 400-нафараи Фузайл Махсум рӯ ба рӯ шуд. Дар ин муҳориба ҳамаи ҳайати отряд ҳалок гардид. Дар арафаи шаби 23 апрели 1929 Фузайл Махсум бо дастааш Ғармро муҳосира кард. 23 апрел ба ёрии аҳолии Ғарм бо самолёт қисмҳои Армияи Сурх расида омада, дастаи Фузайл Махсумро пурра шикаст доданд. Фузайл Махсум бо боқимондаҳои дастааш 3 майи 1929 аз Панҷ гузашта ба хориҷа фирор кард.
Ш. Юсуфов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …