Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ

ФУТУВВАТ (арабӣ — ҷавонмар, дӣ, сахо, карам), як ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ, ахлоқию динӣ ва идеологию фалсафист, ки манфиатҳои синфии табақаҳои гуногуни ҳунармандонро ифода мекард. Дар даврап аввали феодализм ба вуҷуд омада, аз таълимоти монавия ва маздакия ғизои маънавӣ гирифтааст.
Асрҳои 4—6 давраи тараққии шаҳрҳо ва дар ҳаёти ҷамъиятии Шарқи Миёна ва Наздик нуфуз пайдо кардани табақаи ҳунармандон буд. Дар ин давра ҳунармандон барои мубориза ба муқобили синфҳои доро ва эмин будан ва истилои аҷнабиён ташкилоти косибии худро таъсис намуданд, ки футуват ном гирифт.
Футуват то истилои араб вазифаҳои соф хоҷагидориро иҷро карда, дар асрҳои 7—40 ба ташкилоти ҳунармандию ҳарбӣ мубаддал шуд. Он асрҳои 10 —14 ба дараҷаи олии инкишофи худ расида, то ба дараҷаи ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ ва ахлоқию фалсафӣ ташаккул ёфт.
Мувофиқи таълимоти футуват, фалсафа дараҷаи олии инкишофи тафаккури назарӣ ва омили боэътимоди дарки ҳақиқат аст. Аз рӯи таълимоти футуват, олам реалӣ буда, новобаста аз қувваи фавқуттабии инкишоф моёбад. Футувват мавҷудияти оламҳои зиёд, сайёра ва ситарагонро эътироф карда, зиндагонии одамонро дар онҳо ҳатмӣ мешуморад. Футувват на замин, балки сайёра фазоеро маркази кайҳонӣ медонад, ки дар он худо маскан дорад.
Ғояҳои иҷтимоии таълимоти футуват моҳияти прогрессивӣ доранд. Одамон аз рӯои ба дунё омадан нисбат ба якдигар баробаранд, аз ин рӯ, онҳо бояд тарзи ҳабтеро интихоб кунанд, ки шарафу хиради инсониро паст назанад. Идеали ӣҷтимоии футуват ҷамъиятест, ки дар асоси принсипи бародарӣ бунёд ёфтааст. Футуват мафҳуми бародариро ба ду маъно таъбир кардааст: аввалан, бародарии хунӣ, ки зинаи поёнии бародарӣ буда, дар он одамон баробар нестанд; сониян, бародарии касбию иҷтимоӣ, ки марому мақсади ягонаи иҷтимоию сиёсӣ одамонро муттаҳид мекунад.
Таълимоти футуват оид ба бародарӣ ва баробарӣ хусусияти хаёлӣ дорад. Чунки он на баробарию бародарии иҷтимоӣ, балки баробарию бародарии рӯҳию маънавии одамонро тарғиб мекард. Футувват таърихи ҷамъияти инсониро ба ду давра — ҷоҳилия ва оқилия тақсим мекунад. Дар давраи аввал инсон аз сабаби сустии хирад ва баландии ҳирс ҳуқуқи озодии ирода надорад. Аз ин рӯ, худо барои тарбия ва ҳидояти инсон пайғамбаронро мефиристад. Давраи дуюм аз фаъолияти Муҳаммад сар мешавад ва инсон дар рафтору кирдораш мустақил мегардад. Моҳияти таълимоти ахлоқии Футувват аз баробарӣ ва бародарӣ дар назди худо, хайрхоҳӣ, мадади ҳамдигар, бурдборӣ, ҷиҳод, ҷазо додан ба золим, дастгирии беваю ятимон иборат аст. Футувват ҳамчунин рӯҳи гуманистиро ташвиқ карда, барои амалӣ шудани онҳо мубориза бурдааст. Сарварони ҷунбишҳои халқӣ — Абӯмуслими Хуросонӣ, Муқаннаъ, Яъқуб ибни Лайс, Маҳмуди Торобӣ ва дигар аз аҳли Футувват буданд. Дар таълимоти Футувват васфи меҳнат мақоми хос дорад. Аз ҷумла гуфта шудааст, ки инсонро худо офарида, барои зиндагӣ кардан ба ӯ ақл додааст. Меҳнат хиради баҳаракатомада, давоми фаъолиягги эҷодии худост, ки ба инсон интиқол шудааст. Бинобар ин Футувват меҳнатро аз ибодат ба худо авлотар дониста, зӯҳдро рад намудааст. Масъалаҳои динӣ низ дар таълимоти Футувват мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.
Баъзе муҳаққиқон, аз қабили М. Ризохон, М. П. Байзовӣ, М. Сарор, Г. Торнинг футувватро ҷузъи тасаввуф меҳисобанд. Аммо дар асл футувват нуктаи муҳимтарини суфия — «ваҳдати вуҷуд»-ро рад карда, танҳо маърифати ҳақиқати реалиро пазируфтааст. Футувват аз чор зинаи маърифати тасаввуфӣ танҳо тариқатро эътироф мекунад. Футувват ҳамеша бо тасаввуф робитаи қавӣ дошт; бисёр шайхони тасанвуф аз аҳли ҳунар буда, одатан, то давраи ба тасаввуф рӯй овардан аъзои Ф. буданд. Дар кори ба ҳам наадикшавии тасаввуф ва Ф. оаҳми Алии Ҳамадонй (асри 13) ва Ҷалолуддини Румӣ калон аст.
3. Вазиров.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …