ФУНИКУЛЁР (аз лотинӣ funiculus— таноб, канаб), иншооти нақлиётиеро гӯянд, ки тавассути симтаноб барои баровардану фаровардани бору одамон дар кӯталҳо (то 30°) таъин шудааст.
Дар шаҳрҳои курортӣ, корхонаҳои саноатй ва маҳалҳои кӯҳӣ бештар истифода мешавад. Дар СССР дар шаҳрҳои Одесса, Киев, Тбилиси, Душанбе, Сочи ва ғайра мавҷуд аст.