ФУНГИСИДҲО (аз лотинӣ fungus занбӯруғ ва саеdо — мекушам), моддаҳои химиявист (моеъи бордо, хлороксиди мис, каптан, маҳлули оҳаку сулфур, коллоиди сулфур, формалин, грапозан ва ғайра), ки ба муқобили касалиҳои занбӯруғии растаниҳо истифода мешаванд. Ба растанӣ, тухмӣ, кӯчат, хок, анборҳои сабзавот ва ғайра асосан маҳлули 0,5— 2-фоиза ва баъзан хокаи фунгисидҳоро мепошанд. Ба муқобили касалиҳои ниҳоли пахта, ҷуворимакка, нахӯд ва дигар лӯбиёиҳо моддаи ТМТД, барои ҳифзи тухмӣ бошад, асосад гранозан ва меркуранро истифода мебаранд.
Tags моддаи химиявӣ
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …