Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / ФУДЗИЯМА

ФУДЗИЯМА

ФУДЗИЯМА, Фудзи, Фудзисан, вулқони амалкунандаест дар ҷазираи Хонсю, қуллаи аз ҳама баландтарини Япония (3776 м). Фудзияма ба конунси рост шабоҳат дошта, диаметри танӯраи қуллааш 700 м ва чуқуриаш то 100 м мебошад.

fud

Аз соли 781 инҷониб Фудзияма 12 маротиба оташфишонӣ кардааст. Қуллаи Фудзияма соле 10 моҳ барфпӯш аст. Дар нишебиҳояш бешаю буттазорҳо мавҷуданид. «Кӯҳи муқаддас»-и японҳост. Ба боғи миллии Фудзи-Хаконе-Идзу табдил дода шудааст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …