Маълумоти охирин
Главная / Теги: Вулқон

Теги: Вулқон

САН-МИГЁЛ

vulkan_chaparrastike

САН-МИГЁЛ, вулқони амалкунандаест дар ҷануби шарқи Салвадор, яке аз фаъолтарин вулқонҳои Америкаи Марказӣ. Баландиаш 2129 метр. Вулқон дар пастиҳои атрофаш, ки ба таҳкурсии мустаҳкам шабоҳат доранд, ҳамчун конуси алоҳида қад кашидааст. Доираи танӯраи асосиаш қариб 3 километр, чуқуриаш беш аз 150 метр. Дар нишебиҳо танӯраҳои ҷудогона ва фумаролҳо дорад.

Муфассал »

ФУДЗИЯМА

fud

ФУДЗИЯМА, Фудзи, Фудзисан, вулқони амалкунандаест дар ҷазираи Хонсю, қуллаи аз ҳама баландтарини Япония (3776 м). Фудзияма ба конунси рост шабоҳат дошта, диаметри танӯраи қуллааш 700 м ва чуқуриаш то 100 м мебошад. Аз соли 781 инҷониб Фудзияма 12 маротиба оташфишонӣ кардааст. Қуллаи Фудзияма соле 10 моҳ барфпӯш аст. Дар нишебиҳояш …

Муфассал »

ТУФОЛАВА

ТУФОЛАВА, ҷиноҳои кӯҳии вулқониро гӯянд, ки дар таркибашон ғайр аз туф, лава, хокистар ва шишапораҳои вулқонӣ доранд. Туфолава дар Тоҷикистон дар қаторкӯҳҳои Қурама, Ҳисор ва кӯҳҳои Помир вомехӯрад.

Муфассал »

СОЛФАТАРҲО

solfatar

СОЛФАТАРҲО (италиявӣ solfatara аз solfo — сулфур). 1) ҷараёни газҳои сулфит ва гидрогенсулфидро гӯянд, ки дар ноҳияҳои вулқондор аз ковокиҳои қишри Замин баромада, ҳарораташон аз 100 то ба 300°С мерасад. 2) Вулқонҳое, ки ҳамин гуна газҳоро оромона ва муддати дароз ҷудо мекунанд. Масалан, вулқони Солфатара дар наздикии Неапол.

Муфассал »