Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФРАЙ Ричард Нелсон

ФРАЙ Ричард Нелсон

ФРАЙ (Ғгуе) Ричард Нелсон (таваллуд 10. 1. 1920, Бирмингам), шарқшиноси америкоӣ. Пас аз хатми Университети шаҳри Ҳарвард (1946) ду сол дар назди профессор В. Б. Қеннинг забовҳои эронии қадим ва миёнаро омӯхтааст.
Дар университҳои Теҳрон (1951—52), Франкфурт (1958—50), Ҳамбург (1968—69), Шероз (1969—74) кор кардааст.
Ба қалами Фрай зиёда аз 100 мақолаву рисола ва монография тааллуқ дорад. Вай ба масъалаҳои таърихи қадими Эрон ва Осиёи Миёна, осори хатии адабиёти қадими халқҳои эронинажод, сиккаҳои давлатҳои қадима, сангнавиштаҳои форсии миёна ва портӣ, динҳои қадими мардуми эронинажод, адабиёти классикии форс-тоҷик ва ғайра дахл кардааст. «Таърихи Бухоро»-и Наршахиро ба англисӣ тарҷума карда, бо тафсироти муфид ба табъ расонидааст (1954). Муаллифи асари «Мероси Форс» (1962; дар тарҷумаи русиаш «Наследие Ирана» — «Мероси Эрон», Москва. 1972).
Осор: Islamic Iran and Central Asia (7th-12th senturies) London 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …