Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОЗИЛОВА Тӯҳфа

ФОЗИЛОВА Тӯҳфа

ФОЗИЛОВА Тӯҳфа (1917, шаҳри Конибодом—3.2.1984, Душанбе), ҳунарпешаи советии тоҷик. Артисти Халқии СССР (1957). Лауреати Мукофоти давлатии РСС Тоҷикистон ба номи Рудакӣ (1977). Аз оилаи хизматчӣ. Аъзои КПСС аз соли 1941. Фаъолияти эҷодии Фозилова дар маҳфили ҳаваскорони интернати шаҳри Конибодом ва театри ин шаҳр оғоз гардидааст. Нақши аввалини ӯ Лолахон («Лолахон»-и К. Яшин) мебошад.

t-fozilova

Баъдтар Фозилова нақшҳои Ҳалима («Ҳалима»-н Ғ. Зафарӣ), Гулчеҳра (Оршин мололон»-и У. Ҳоҷибеков) ва Т. Фозилова дар ролҳо: аз чап — Крушнина («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и Л. Островский); аз рост — Малика («Рӯдакӣ»-и С. Улуғзода) ғайра иҷро кард. Соли 1933 ӯ ба Театри мусиқии Тошкент рафт. Пас аз як сол Фозилова ба Театри драмаи мусиқии Ленинобод омад. Соли 1934 Фозилова ба Сталинобод омада, дар консертҳо, драмаҳои мусиқӣ ва нахустин операҳои тоҷикии Театри мусиқии пойтахт (аз соли 1940 Театри опера ва балети тоҷик) чун сароянда ва актриса иштирок кард. Дар нақшҳол Қумрӣ («Лола»-и С Урбах ва С. Баласанян), Гулъизор, Нӯшофарин («Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и Валасанян), Розия («Розия»-и 3. Шаҳидӣ), Нурхон («Нурхон»-и К. Яшип), Зӯҳро («Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский), Татъяла («Евгений Онегин»-и П. Чайковский), Микаэла («Кармен»-и Ж. Бизе) истеъдоди ӯ бештар зоҳир шуд.
Соли 1949 Фозилова ба Театри драмаи ба номи Лоҳутӣ ба кор гузашт. Беҳтарин образҳои офаридаи Фозилова Гулӣ («Алишер Навоӣ»-и Уйғун ва И. Султон), Маҳтоб, Гулнор, Почохон («Духтари ноком», «Дохунда» ва «Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ), Гонерилъя («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), Атлас («Сарбозони инқилоб»-и Р. Абдулло), Кручинина («Гунаҳкорони бегуноҳ»-и А. Островский), Талҳобегим («Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим) ба шумор мераванд. Сурудҳои «Алла», «Сари кӯҳи баланд», «Шиканҷи зулф», «Каҷмакаҷак», «Мепарварам» ва ғайра баъди иҷрои Фозилова вирди забон шудаанд. Фозилова дар якчанд филмҳои «Тоҷикфилм» низ рол бозидааст. Ба бисёр шаҳрҳои Иттифоқи Советӣ, Эрон, Афғонистон сафари ҳунарӣ кардааст. Бо орденҳои Ленин, Дӯстии Халқҳо ва медалҳо мукофотонида шудааст. Театри шаҳри Конибодом ба номи ӯст.
Адабиёт: Ҳасанова Л., Тӯҳфа Фозилова, Душанбе, 1976; Нурҷонов Н.. Камоли ҳунар, «Садои шарқ», 1977, М 5.
Н. Нурҷонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …