Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФОМЛЧЕВ Виктор Николаевич

ФОМЛЧЕВ Виктор Николаевич

ФОМЛЧЕВ Виктор Николаевич (таваллуд 18. 8. 1923, шаҳри Армавири кишвари Краснодар), генерал-лейтенанти корҳои дохилӣ (1968). Аълочии маорифи халқи РСС Тоҷикистон (1955), аълочии милисияи советӣ (1967). Аъзои КПСС аз соли 1945. Аз оилаи хиаматчӣ. Соли 1957 Институти давлатии педагогии шаҳри Сталинободро хатм карда, дар курсҳои махсуси назди Вазорати корҳои дохилии СССР (1969) хондааст. Солҳои 1944—45 дар сафҳои Армиян Советӣ, 1946—60 дар вазифаҳои гуногуни партиявӣ кор кардааст. Солҳои 1960—75 ҷонишини мудири шӯъбаи органҳои маъмурии Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон, ҷонишини Вазири корҳои дохилии РСС Тоҷикистон, 1975—79 сардори Мактаби махсуси миёнаи милисияи ВКД СССР буд. Соли 1979 ба нафақа баромад. Бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 12 медал, Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …