Маълумоти охирин
Главная / Илм / ФЛЕКСИЯ

ФЛЕКСИЯ

ФЛЕКСИЯ (аз лотинӣ— хамшавӣ, гузариш), шакли ёридиҳандаест, ки ба охири реша ва ё асоси калима ҳамроҳ шуда, барои ифодаи муносибати синтаксисии онҳо бо калимаи дигар дар ибора ва ҷумла хизмат меқуиад. Ду навъи флексия— дохилӣ ва берунӣ вуҷуд дорад. Дар флексияи дохилӣ шакли кали.маҳо ба воситаи тағйири овозҳои асоси калима дигар мешавад. Флексия и берунӣ тавассути аффиксҳои шаклсоз ба вуҷуд меояд. Ҳамчун истисно, флексия на фақат ба сифати аффикси шаклсоз, балки ба сифати аффикси калимасоз низ намобӣ мешавад. Чунончи, анҷомаи -ам дар калимаи хонам на фақат шахси якуму шумораи танҳои феълро, балки замони ҳозираю оянда ва сиғаи шартӣ хоҳишмандиро ҳам нишои медиҳад. Флексия хоси забонҳои флективӣ мебошад. Вай дар забони тоҷикӣ асосан, дар фаълҳои тасрифӣ дида мешавад. Флексия дар феълҳои тасрифӣ ба асоси замони ҳозира ва ҳам ба асоси замони гузашта ҳамроҳ мешавад, масалан: барам, бари, барад — барем, баред, баранд, хондам, хондӣ, хонд — хондем, хондед, хонданд. Дар забони тоҷикӣ, бандакҷонишин низ чун флексия меояд. Бай ҳам бо исм ва ҳам бо феъли тасрифӣ истифода шуда, муносибатҳон гуногуии грамматикиро ифода мекунад: ҳангоми бо исм васл шудан муносибати соҳибият (китобам — китибамон, китобат — китобатон, китобаш — китобашон) ва бо феъли тасрифӣ истифода шудан муносибати объективӣ (гуфтам — маро гуфт, гуфтат—туро гуфт, гуфташ—ӯрогуфт)- ро ифода мекунад. Бандакҷонишин дар баробари ифода намудани муносибати соҳибияту объектӣ дар айни замон шахсу шумораро низ нишон медиҳад.
А. Мирзоев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …