ФИШОРИ АТМОСФЕРӢ, фишори атмосфераи ҳаворо ба ҷисмҳо ва сатҳи рӯи замин гӯянд. Дар ҳар як нуқтаи атмосфера фишор бо вазни қабати болоии ҳаво муайян мешавад. Ба баландӣ вобаста будани фишори атмосферӣ бо формулаи барометрӣ муайян мегардад. Фишори атмосфериро асосан бо барометр чен мекунанд. Фишори атмосферӣ бо миллибарҳо (мбар), нютои бар м2 (Н/м2) ё бо мм сутуни симоб ифода мёшавад.
Ба сифати фишори атмосферии нормалӣ 760 мм сутуни симоб =1013,25 мбар =101325 Н/м2 = 1013,25 гПа. қабул шудааст.
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …