Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич

ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич

fedchenko-ba

ФЕДЧЕНКО Борис Алексеевич (1872—1947), ботаник ва географи советӣ. Ходими Хизматнишондодаи Илми СССР (1945). Писари А. П. ва О. А. Федченко. Университети Москваро хатм кардааст (1896). Профессори Институти география (1900 —18) ва Университети Ленинград (1918—31). Соли 1897 бори аввал ба Осиёи Миёна сафар карда, пиряхи қаторкӯҳи Алатови Таласро омӯхт. Дар сафарҳои минбаъдааш ба омӯзиши ҳаракати пиряхҳо машғул шуд. Харитаи набототи Тоҷикистонро тартиб дод. Баъди дар Душанбе таъсис ёфтани Базаи тоҷикиотонии Академияи Фанҳои СССР то соли 1935 аввал мудири сектори биология ва баъд ботаника буд. Федченко муаллифи зиёда аз 400 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла «Набототи Туркистон» (1915), «Очерки набототи Туркистон» (1925) ва ғайра мебошад. Ба зиёда аз 25 намуди растанӣ, ки асосан дар Осиёи Миёна ва аз ҷумла РСС Тоҷикистон мерӯянд, номи Федченко гузошта шудааст.
Адабиёт: Рожевис Р. Ю. Борис Алексеевич Федченко. «Советская ботаника», 1940, № 3; Вавилов Н. И. Борис Алексеевич Федченко как ботаник и географ, «Советская ботаника». 1940, № 3.
С. Юнусов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …