Маълумоти охирин

ФАТИР

ФАТИР, як навъ нони тунукест, ки аз хамири норасида мепазанд. Фатирҳо гуногунанд: хасфатир (фатири курак, фатири явғон, фатири қоқ), фатири равғанӣ, фатири чормағзӣ, ҷаззанок ва ғайра. Хамири фатирро бо шир, об, дӯғ ошӯрида, ба он зира ва каду низ ҳамроҳ мекунанд.

fatir

Ҳар як хели фатирро бо усули махсус мепазанд. Масалан, тарзи тайёр кардани фатири равғанӣ чунин аст: ба обу шир намак ва равғани обкардаи гӯсфанд (6 маска) ҳамроҳ мекунанд ва пас орд андохта хамир мешӯранд; баъд онро завола гирифта тунук мекунанд ва ба мобайнаш нонпарак зада, гирдашро бо корд нақшдор мекунанд. Дар вақти ба танӯр часпонидан ба болои лахча хокистар мепӯшанд, то ки фатир хомсӯз нашавад. Баъди аз танӯр кандани фатир ба рӯяш равған ё шир мемоланд.
М. Ҳомидҷонова.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …