Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАСЛҲОИ СОЛ

ФАСЛҲОИ СОЛ

ФАСЛҲОИ СОЛ (баҳор, тобистон, тирамоҳ, зимистон), ба давраҳо тақсим шудани солро гӯянд, ки дар қадимулайём мувофиқи ҳаракати -Офтоб дар осмон ва тағйири фаслҳо дар табиат муқаррар гардидааст. Ивазшавии Фаслҳои сол дар натиҷаи майли тири чархзании Замин ба ҳамвории мадори Замин (таҳти кунҷи 66°33′) сурат мегирад. Ҳангоми дар гирди Офтоб ҳаракат намудани Замин меҳвари он нисбат ба худаш қариб параллел ҷой иваз мекунад ва бинобар ин дар давоми сол нисбат ба Офтоб ба қутби шимолӣ ё ҷанубӣ (яъне ба қутбҳое,ки ба қутбҳои Замин мувофиқанд) майл мекунад. Дар ин маврид Офтоб гоҳ Нимкураи шимолӣ, гоҳ Нимкураи ҷанубиро бештар гарм мекунад ва аз ин сабаб тобистони Нимкураи шимолӣ ба зимистони Нимкураи ҷанубӣ рост меояд ва баръакс.

fasl
Оғози ҳар як фасли сол дар астрономия бо ҳаракати аёни Офтоб дар сфераи осмонӣ муайян карда мешавад.
Оғози баҳор дар Нимкураи шимолӣ лаҳзаест, ки Офтоб аз руи эклиптика ҳаракат карда, дар вақти гузаштан аз Нимкураи ҷануби ба Нимкураи шимолӣ (20 ё 21 март) экватори осмониро дар нуқтаи эътидоли баҳорӣ мебурад. Дар лаҳзаи саршавии тобистон дар Нимкураи шимолӣ (21 ё 22 июн) Офтоб аз нуқтаи шимолтарини эклиптика (нуқтаи инқилоби тобистонӣ) мегузарад. Дар лаҳзаи саршавии тирамоҳ дар Нимкураи шимолӣ (23 сентябр) Офтоб ҳангоми аз Нимкураи шимоли ба Нимкураи ҷанубӣ гузаштанаш экваторро бори дигар мебурад (нуқтаи эътидоли тирамоҳи). Зимистон дар Нимкураи шимоли (21 ё 22 декабр) ҳангоми гузаштани Офтоб аз нуқтаи ҷанубтарини эклиптика (нуқтаи инқилоби зимистонӣ) сар мешавад.
Азбаски мадори ҳаракати Замин дар гирди Офтоб эллипсӣ аст, ҳаракати он номунтазам мебошад ва аз ин сабаб давомоти фаслҳои сол як хел нест. Дар аввали январ ҳангоми аз перигелий гузаштан Замин ба Офтоб наздиктар буда, босуръаттар ҳаракат мекунад. Аз ин рӯ, зимистон дар нимкураи шимолӣ нисбат ба дигар фаслҳои сол кӯтоҳтар, тобистон бошад, тӯлонитар аст. Алҳол дар Нимкураи шимолӣ баҳор тақрибан 92,8 шаборӯз, тобистон 93,6, тирамох 89,8 ва зимистон 89,0 шаборуз давом мекунад. Фаслҳои сол ҳамагӣ 365, 2422 шаборӯз (соли тропикӣ)-ро ташкил медиҳанд. Азбаски ҳангоми ҳаракати Замин аз рӯи мадор фарқи байни масофаҳои хурдтарин ва калонтарини он ва Офтоб нисбатан кам аст, тағйири миқдори гармии Офтоб, ки Замин мегирад, ба ивазшавии фаслҳои сол амалан таъсир намерасонад. Д. Саидов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …