Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ

ФАРИДУНИ ТАВАЛЛАЛӢ (1917, Шероз—1985), шоири эронӣ. Шӯъбаи бостоншиносии донишкадаи адабиёти Донишгоҳи Теҳронро хатм кардааст (1941). Як муддат раиси Идораи бостоншиносии устон (вилоят)-и Форс буд. Солҳои охир дар китобхонаи Донишгоҳи Шероз кор мекард. Нахустин шеъру ҳикояҳои ҳаҷвии Фаридуни Таваллалӣ дар аввали солҳои 40 ба табъ расидааст. Шоир дар асарҳояш гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва беадолатиҳои иҷтимоиро ҳаҷву масхара намуда, ғояҳои озодӣ ва инқилобро талқин кардааст (достони «Шайпури инқилоб» ва китоби «Ат-Тафосил»). Фаридуни Таваллалӣ аз ҳаракатҳои озодихоҳии миллие, ки солҳои 50 дар Эрон авҷ гирифта буданд, умеди бисёре дошт. Аммо дар асари табаддулоти ҳарбию иртиҷоие, ки соли 1953 бо дастури ШМА ба амал омад, ин ҳаракатҳо муваққатан қатъ гардиданд. Фаридуни Таваллалӣ барбод рафтани умеду орзуяшро дида, ба кӯи ноумедӣ афтод ва бештар ба ибрози эҳсосоти фардии худ машғул шуд (шеърҳои «Малъун», «Гурги сиёҳ», «Сояҳо», «Кабудҷома» ва ғайра. Фаридуни Таваллалӣ аввал «шеъри озод» ва равияи Нимо Юшиҷро тарафдорӣ мекард ва дар муқаддимаи китоби «Раҳо» аз ин хусус муфассал сухан ронда буд. Аммо солҳои 60 Фаридуни Таваллалӣ аз шеъри нав даст кашид ва тамоман ба сабки классикӣ гузашт. Фаридуни Таваллалӣ асосаи ғазал, қасида ва дубайтӣ гуфтааст. Шеърҳояш ба забонқои русӣ (дар маҷмуаи «Современная персидская поэзия», Москва, 1959) ва тоҷикӣ (дар маҷмуаи «Амвоҷи Корун», Душанбе, 1973) нашр шуданд.

Адабиёт:

Ф. Наҷмонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …