Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / «ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»

«ФАРҲАНГИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» (аз асри X то ибтидои асри XX), фарҳанги тафсириест, ки соли 1969 ба табъ расидааст. Аз ду ҷилд (мутобиқи алифбои имрӯзаи тоҷикӣ, ҷилди 1: А — О, ҷилди 2: П — Ҷ.) иборат буда, тақрибан 45 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад. Дар «Муқаддима»-и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» оид ба таърих ва инкишофи лексикографияи тоҷик аз асри 10 то асри 20, принсипҳои кори мураттибони « Фарҳанги забони тоҷикӣ », сарчашмаҳои адабӣ ва луғавии он маълумоти умумӣ оварда шудааст. Дар паҳлӯи калимаҳои тафсирнаванда навишти онҳо ба алифоои арабиасоси тоҷикӣ, дар охири ҷилди 2 «Мифтоҳи калимаҳои фарҳанг ба алифбои арабии тоҷикӣ» омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» лексикаи маъмули ҳамаи давраҳои асосии инкишофи забони адабии тоҷик аз асри 10 то ибтидои асри 20 акс ёфтааст. «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар асоси сарчашмаҳои зиёди адабӣ мураттаб гардида, дар он барои шарҳи калимаҳо аз эҷодиёти шоирону насрнависони форс-тоҷик мисолҳо оварда шудаанд. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» то андозае лексикаи асарҳои илмӣ (асари, «Донишнома»-и Абӯалии Сино), истилоҳоти табиатшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ (масалан, аз «Тарҷумон-ул-балоғат»-и Родуёнӣ ва ғайра) инъикос гардидааст. «Фарҳанги забони тоҷикӣ» барои омӯхтани забону адабиёти классикии форс-тоҷик, тадқиқи таърихи забон, услуб, лексикология ва дигар соҳаҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ сарчашмаи муҳим мебошад.
Адабиёт: Турсунов А., Муште аз хирвори ҳазорсола, «Садои Шарқ» 1971, № 4: Заоони адабии ҳозираи тоҷни.
Лексикология, фонетика ва морфология, қисми 1, Д., 1973.
В. Капранов.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …