ФАР (аз авестои — кharenang, паҳлавӣ — кhаг), фарри каёнӣ, фурӯғу шукӯҳи бузург ва нируи тавоноеро гӯянд, ки дар дини зардуштӣ Аҳурамаздо ба пайғамбар ё худ подшоҳ мебахшидааст. Онро маъмулан фарри эзидӣ ё фарри ориёӣ низ меномиданд. Дар «Корномаи Ардашери Вабакон» қайд шудааст, ки фарри эзидӣ дар пайкари гӯсфанде ҳамеша аз паи Ардашер медавидааст ва фарри каёнӣ дар пайкари мурғе дар болои сари Фаридун ҳамеша медурахшидааст.
Муассиси фалсафаи ишроқия Шиҳобуддини Сӯҳравардӣ дар бораи «х(в)орна» таваққуф намуда, дар таълимоташ нишон додааст, ки аз «нуруланвор» бавосита ё бевосита нурҳон софил ба вуҷуд меоянд. Маъмулан мақому азамати ин нурҳо ба се тақсим шуда, яке диловарию шуҷоат, дуюмй ҷозиба ва нуфузи маънавӣ ва сеюмӣ нируи пуршукӯҳи салтанатро ифода мекард. Охинриро мутафаккир «каёни хорра» номидааст, ки он дар шаклҳои гуногун (фарри шоҳаншоҳӣ, фарри каёнӣ ва ғайра) дар адабиёти классикӣ, навиштаю катибаҳои руи санг ва ғайра мушоҳида мешавад.
Фар аз худи Авесто сарчашма гирифтааст. Аввал нишонаи рамзӣ надошт. Бино ба маълумоти маъхазҳо он охирҳои ҳазораи 1 то мелод нишони рамзӣ (ба мисли уқоб, лочин, гӯсфанд ва ғайра) гирифт. Сайёҳони чинӣ нақл кардаанд, ки ҳокимони қадими мулки Фарғона, Самарқанд, Марв ва Эрон дар тахти шоҳие менишастанд, ки пояи онро ҳайкали тиллоии гӯсфанд ҳамчӯн рамзи фурӯру шукӯҳи бузург оро медод. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ки шоҳ Кайковус ба Рустам тахти азсанги фирӯза тарошидашударо ҳадя намудааст, ки шакли гӯсфандро доштааст. Айнан ҳамин хел тахтҳои ба шакли гӯсфанд тарошидашуда дар мусаввараҳои димнаҳои Варахша, Панҷакенти Қадим, Қалъаи Қазҳқаҳа акс ёфтаанд. Аз Исфара муҷассамаи бирииҷии сари гӯсфанд ёфт шудааст. Тоифаи чорводороня эронинажоди Осйёи Марказӣ — сакоиҳо, массагетҳо, сугдиён, бохтариҳо ва хоразмиҳо Фарро ҳамчун атокунандаи ризқу рӯзӣ, баракати хона ва ғайра ситоиш намудаанд. Ҳунармандон дар ҳошияи дегу тобаи хӯрокпазӣ, дастаи хуму хурма, ҷом ва дигар асбобҳо барои фаровонии рӯзгор рамзи Фарро месохтанд. Дар натиҷаи ҳафриёти археологӣ чунин намунаҳо зиёд пайдо шуданд. Шояд номи Фаррух, Фархунда, Фарҳод, Фарангис ва номи шаҳрҳои Фарғона, Фархор, Ҳурмузфар ва ғайра бо Фар алоқаманд бошад.
Адабиёт: Литвинсиий В. А., Кангюйско-сарматский фарн, Душанбе, 1968; Вайпаков К. М., Култ барана у Сырдаринских племен, дар маҷмуаи: Археологические исследования древнего и средневекового Казахстана, Алма-Ата, 1980; Негматов Н. Н., Мирбабаев А. К., Недостаюшее звено, «Наука и жизн», 1983, К» 4.
А. Мирбобоев.