Маълумоти охирин
Главная / Биология / ФАУНАИ ТРОПИКА

ФАУНАИ ТРОПИКА

ФАУНАИ ТРОПИКА, ҷамеи ҳайвонотеро гӯянд, ки дар минтақаҳои экваторӣ, субэкваторӣ ва тропикӣ зиндагӣ мекунанд. Бо вуҷуди гуногун будани шароити зиндагӣ, намояндагони фаунаи тропикӣ як қатор хусусиятҳои умумӣ (масалан, гармидӯстӣ, камнасли ва ғайра) доранд. Баъзе гурӯҳҳои фаунаи тропикӣ масалан, антилопҳо (дар саванна), мӯрчагон (дар бешазоринамноки тропикӣ), термитҳо (дар ҳама ноҳияи тропика) аз ҳад зиёд сершуморанд.

fauna

Маймунҳо, ки аз қабили ҷонварони ширхӯранд, берун аз тропика қариб зиндагӣ намекунанд; доираи паҳншавии баъзе ҷонварон, масалан, ниммаймунҳо, филҳо, каркадан, тапирҳо, мӯрчахӯр ва ғайра нисбатан танг буда, ҷои сукунаташон фақат баъзе мавзеъҳои тропика аст. Барои фаунаи тропикӣ махсусан тӯтиҳо, кафтар, фохта; туканҳо, колибри, игуанҳо (дар Америкаи Шимолӣ ва Америкаи Ҷанубӣ, Мадагаскар, Фиҷи), бӯқаламун (асосан дар Африка), морҳо, тимсоҳ, қурбоққа, ғук, каждум, тортанакҳои гуногун, гамбуск, шапалакҳо, ростболҳо, магаси сесе ва ғайра хосанд.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …