Маълумоти охирин

ЧАШМ

ЧАШМ, узви босираи одам, ҳайвоноти мӯҳрадор ва аксар ҷонварони бемуҳраро гӯянд. Чашм дар косаи чашм ҷой гирифта, аз кураи (ғўзаи) чашм (қутраш тақр. 24 мм), ки тавассути асабҳои босира ба мағзи cap ва узвҳои ёвар (пилк, аъзои ашк, мушакҳои муҳаррикии чашм) пайваст аст, иборат мебошад.

eye

Чашм ба воситаи 6 мушак — чор мушаки рост (болоӣ, поёнӣ, дохилӣ, берунӣ) ва ду мушаки каҷ (болоию поёнӣ) ҳаракат менамояд. Девораи кураи чашм аз се қабат иборат аст: берунӣ (қарния ва сулбия), миёна (машимия) ва дохилӣ (шабакия). Дар дохили кураи чашм ҷалидия ва зуҷоҷия ҷойгиранд. Сулбия пардаи ношаффоф буда, қисми пешаш бо мултаҳима пўшида шудааст. Қарния пардаи шаффоф, қисми аз ҳама ҳассоси берунии бадан мебошад; дар сатҳи он асабҳои бисёре мавҷуданд. Машимия аз инабия ва ҷисми мижгонӣ таркиб ёф-тааст. Инабия қисми аз ҳама пеши машимия буда, дар марказаш сӯрохии мудаввар (гавҳарак ё мардумак) дорад, ки тавассути он рўшноӣ ба дохили кураи чашм даромада, ба шабакия мерасад ва дар он акси чизи дидашавандаро мегузорад. Вобаста ба рўшноӣ ҳаҷми гавҳарак дар натиҷаи фаъолияти му-шакҳои махсус-дилататор (мушаки васеъкунанда) ва сфинктер (мушаки тангкунанда) тағйир (мас., ҳангоми рӯшноии бисёр танг ва ҳангоми рӯшноии кам ё торикӣ васеъ мешавад) меёбад. Инабия дорои пигмент аст, ки вобаста ба он Чашм сиёҳ, қаҳваранг, хокистарранг, нилгун ва ғ. мешавад. Шабакия пардаи аз ҳама даруни кураи Чашм мебошад. Вобаста ба сохти анатомӣ он аз 10 қабат иборат аст, ки муҳимтаринаш қабати ҳуҷайраҳои босира ба шумор меравад. Дар маркази шабакия доғи зард ҷойгир аст. Ҷалидия шаклан линзаи ду тарафаш барҷастаро мемонад. 3уҷоҷия қисми зиёди даруни кураи Чашмро фаро гирифта, аз 99% об иборат аст. Фосилаи байни девораи ақиби қарнияю девораи пеши инабия камераи пеш ва фосилаи байни девораи ақиби инабияю девораи пеши ҷалидия камераи ақиби Чашм ном дорад. Камераҳои Чашм бо зулолияи шаффоф, ки манбаи ғизои қарния, ҷалидия ва зуҷоҷия аст, пур мебошад. Ниг. низ Бемориҳои чашм, Дурбинӣ.

Инчунин кобед

saba

САЪБА

САЪБА, номи ду намуди паррандаест аз қатори гунҷишкҳо. Дарозии танаш 12 сантиметр, қисми пеши сараш …