Маълумоти охирин

ЭПИКУР

epikur

ЭПИКУР (Epikuros; 341 то м., ҳаз. Самос—270 то м., Афина), файласуфи материалист Юнони Қадим. Аз с. 306 дар Афина зиндагӣ карда, мактаби фалсафиро таъсис намуд. Аз Э. чанд мактуб, афоризмҳо ва васиятномаҳо боқӣ мондаанд. Э. фалсафаро аз физика, назарияи маърифатӣ ва ахлоқ иборат медонад. Дар физика у пайрави назарияи зарраҳои Демокрит буда, ҳаракати гирдобии атомҳоро ба ҳаракати озод иваз кард ва мафҳуми «вазн»-и атомро кафш намуд. Э. мавҷудияти худоҳоро дар олами улвӣ пазируфта, дахолати онҳоро ба олами сифлӣ тамоман рад кард. Дар ахлоқ у одамонро ба зиндагии зоҳидона даъват намуда, мақсади ҳаётро дар осудагии руҳ, саодатмандию хайрхоҳӣ, беранҷӣ ва қаноатмандии одамон мебинад. Дар назарияи маърифат Э. сонсуализмро тарафдорӣ намуда, дарки падидаҳои табиатро сабаби аз тарсу ваҳм, ғаму андуҳ ва хурофоту дин озод шудани инсон медонад.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …