ЭМБРИОЛОГИЯ (аз эмбрион ва …логия), як соҳаи илм аст, ки инкишофи то давраи ҷаннин (ҳосилшавии хуҷайраҳои ҷинсӣ), бордоршавӣ, инкишофи ҷанинӣ ва кирминагии организмҳоро меомузад. Э. ба Э.-и ҳайвоноту одам ва эмбриологияи растанӣ ҷудо мешавад.
Э.-и ҳайвоноту одам вобаста ба вазифа ва усулҳои тадқиқот умумӣ, муқоисавӣ, таҷрибавӣ ва экологӣ мешавад. Ҳамаи қисматҳои Э. бо масъалаҳои биологияи умумӣ (пош аз ҳама таълимоти эволюционӣ) зич алоқаманд аст. Э. бо гистология, цитология, физиология ва генетика робитаи мустаҳкам дорад. Асосгузори Э. Буқрот ва Арасту мебошанд. Буқрот ва пайравони у бештар ба омузиши инкишофи ҷанини одам диққат дода, барои муқоисаи он фақат тадқиқи ташаккули чуҷаро дар тухм тавсия карданд. Арасту инкишофи ҷанини мурғро нисбатан пурра омӯхтааст. Ақидаҳои эмбриологии у то а. 10 бетағйироти куллӣ боқӣ монданд. Асосгузори Э.-и ҳозира К. М. Бэр (с. 1827 тухмаи ҳайвоноти ширхур ва одамро кашф ва тавсиф кард) ва асосгузори Э.-и эволюционӣ дар Россия А. О. Ковалевский ва И. И. Мечников мебошанд. Дар равнақи Э.-и Россия саҳми А. Н. Северцев, В. В. Заленский, В. М. Шимкевич, П. П. Иванов ва диг. калон аст. Усулҳои тадқиқоти эмбриологӣ гуногун мебошанд. Аз с-ҳои 50-уми а. 20 cap карда дар Э. бештар усулҳои биохимиявиро кор мефармоянд. Вазифаи асосии Э.-и ҳозира минбаъд ҳам омухтани инкишофи то эмбриони, бордоршавӣ, тақсимшавӣ, органогенез, гистогенез ва ғ. мебошад. Дар тараққиёти Э.-и ҳозира махсусан саҳми И. И. Шмальгаузен арзанда аст. Маълумоти Э. дар тиб ва х. қ. васеъ истифода шуда, барои дурусг ташкил кардани мубориза бар зидди барангезандаи бемориҳои вогир аҳамияти калон доранд.
Дар СССР Ин-ти биологияи инкишофи АФ СССР маркази тадқиқоти илмии Э. аст. Э.-ро дар ун-тҳо ва ид-тҳои педагогӣ дарс медиҳанд.