Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ЭЛЛИНИЗМ

ЭЛЛИНИЗМ

ЭЛЛИНИЗМ, дар таърихи мамлакатҳои Баҳримиёназамини Шарқӣ давраест, ки замонеро аз вақти юриши Искандари Мақдунӣ ба ин сарзамин (с. 334—323 то м.) то Мисрро ишғол кардани Рим (с. 30 то м.) дар бар мегирад. Пас аз вафоти Искандар дар байни ворисонаш  мубориза барои ҳокимият авҷ, гирифта, империяи ӯ пароканда гардид ва давлатҳои эллинӣ, ба монанди Селевкиён, Птолемейҳо, Пергам, шохии Понт ва ғ. ба вуҷуд омаданд, ки дар сохти сиёсии онҳо унсурҳои мутлақияти Шарқи Қадим бо хусусиятҳои полисҳои юнонӣ омезиш ёфта буданд. Дар а-ҳои 2—1 то м. ин давлатҳои эллинӣ тадриҷан ба тасарруфи Империяи Рим даромаданд. Маданияти Э. синтези маданияти юнонӣ ва маданияти маҳаллии халқҳои Шарқ буд.

elinizm

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …