Маълумоти охирин
Главная / Илм / ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ

ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ

ЭЛЕКТРОМЕТАЛЛУРГИЯ, як соҳаи илм ва техникаи металлургияро гуянд. Э. процессҳои бо ҷараёни электрик ва маъдан ва концентратҳо ҳосил кардани металлҳо, гудозиш ва тозакунии металлу хулаҳо, инчунин процессҳои гарм кардан ва ба сохти муайян даровардани металлро дар бар мегирад. Э. аз ду соҳа иборат аст. Соҳаи якуми Э. ба усулҳои электротермӣ асос ёфтааст, ки дар он эффекти гармии ҳодисаҳои электрикӣ истифода мешавад. Соҳаи дуюми Э. усулҳои электрохимиявиро, яъне электролизро ҳам дар ҳароратҳои муқаррарӣ (электролизи маҳлулҳои обӣ) ва ҳам дар ҳароратҳои баланд (электролизи намакҳои гудохташуда) истифода менамояд.

elektrometallurgiya

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …