Маълумоти охирин

ЭҲСОС

ЭҲСОС, эмоция, реакцияи ҷавобии одаму ҳайвонотро ба ангезандаҳои дохилию берунӣ гуянд, ки дар асари хурсандӣ, хафагӣ, тарсу ҳарос ва ғ. зоҳир мегардад.

ehsos

Пайдоиши Э. аз ҷиҳати физиологӣ ду навъ — зерқишрӣ (дар асоси рефлексҳои ғайришартӣ) ва қишрӣ (дар асоси рефлексҳои шартӣ) аст; аввалӣ нисбатан содда ва дигарӣ мураккабтар мебошад. Э. дар одам ба типи системаи асаб, синну сол, ҷинс, тарбия ва диг. сабабҳои зоҳирию ботинӣ вобаста аст. Бино ба таъсири ангеза Э. мусбат ва манфӣ мешавад. Э.-и мусбат дар намуди хушнудӣ, қаноатмандӣ, хурсандӣ ва ғ. зоҳир мегардад. Ғаму андуҳ, ғусса, мусибат ва диг. ҳиссиёт мансуби Э.-и манфӣ буда, аз ҳад зиёд гаштани онҳо боиси бемориҳои руҳӣ ва ҳатто марг мешавад. Дараҷаи аз ҳама баланди Э.-ро эффект меноманд, ки бошиддат cap шуда, нисбатан кам давом мекунад (мас., қаҳру ғазаб, даҳшат, тарс, воҳима ва ғ.). Дар ҳолати эффект набз ва нафаскашӣ тағйир ёфта, ташануҷи рагҳои хун ба амал меояд; бадан арақи сард мекунад, ҷараёни муътадили ҳолатҳои рухӣ (идрок ва тафаккур) вайрон ва баъзан ақл тира мешавад. Зимни тадқиқоти психофизиологи муқаррар гардидааст, ки Э.-и одам асоси биохимиявӣ низ дорад (мас., хандаю хушнудӣ аз таъсири гормони серотонин ва хашму ғазаб аз таъсири гормони норадреналин ба амал меояд). Э.-и одаму ҳайвон дар лаҳзаҳои душвор (ҷангу ҷидол, рақобат ва ғ.) ба ҳолати стресс мегузарад. Дар натиҷа ҳаяҷон аз марказҳои майна тавассути системаи асаби атрофӣ ва ғадудҳои усораи дохилӣ ба аъзо паҳн мегардад, ки ин боиси ихтилоли функцияи ин аъзо, инкишофи бемориҳои асаб, баланд гаштани фишори хун, захми меъда, қубоъ (экзема) ва ғ. мешавад.

Ад.: Симонов П. В., Теория отражения и психофизиология эмоций, М., 1970; Лук А. Н., Эмоции и личность, М., 1982; Тагдиси Д. Г., Мамедов Я. Д., Механизмы выздоровления, М., 1984.

А. Исомид винов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …