Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЭДИСОН Томас

ЭДИСОН Томас

edison

ЭДИСОН (Edison) Томас (11. 2. 1847, Майлан, шт. Огайо —18. 10. 1931, Уэст-Орпид, шт. Нью-ҷерси), ихтироъкори америкоӣ, соҳибкор ва асосгузори ширкати тадқиқоти лаборатории истеҳсолӣ (.1872, Менло-Парк), аъзои фахрии хориҷии АФ (ХОР (1930). Э. лабораторияи калон ва устохона кушода, тадқиқоташро бо соҳаҳои гуногуни саноат вобаста намуд. Зиёда аз 1000 ихтироъ дорад, ки аксарияташ ба со-ҳаи электротехника оид аст. Телефон ва телеграфро такмил дод, лампаи тафсониш (1877) ва дастгоҳҳои гуногуни электротехникиро пешниҳод кард. Э. фонографро ихтироъ карда, якумин бор дар ҷаҳон электростанцияи истифодаи умумиро с. 1882 дар Нью-Йорк сохт ва ҳодисаи эмиссияи термоиониро мушоҳида намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …