Охер, деҳаест дар Совети қишлоқи Ғознёни pайони Хуҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи М. В. Фрунзе. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 2 километр, то район 12 километр; роҳ асфалтпӯш.
Аҳолиаш 1090 нафар (1981), тоҷикон. Охер мактаби миёна, клуб, касалхона ва магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ, боғу токдорӣ. Заминхо аз дарёи Сир, Канали Калони Фарғона ва сои Хоҷабоқирғон обёрӣ мешаванд.