Овчӣ, деҳаест дар Совети қишлоқ Овчӣ- қалъачаи pайони Хӯҷанд, вилояти Ленинобод. Территорияи колхози ба номи В. В. Куйбышев. Аз Овчӣ то маркази Совети қишлоқ 1 километр, то район 18 километр; роҳаш асфалтпӯш.
Аҳолиаш 2020 нафар (1981), ӯзбекҳо ва тоҷикон. Мактаби миёна, клуб, ошхона, 3 магазин, хонаи хизмати маишӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва боғу токдорӣ. Заминҳо аз дарёи Хоҷабоқирғон обёрӣ мешаванд.