Орҷоникидзе, деҳаест дар Совети қишлоқи Заргари pайони Коммунистӣ, вилояти Қӯргонтенпа. Территорияи колхози ба номи М. Горкий.
Аз Орҷоникидзе то маркази Совети қишлоқи 4 километр; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 835 нафар (1981), тоҷикон. Деҳа магазин дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва лимупарварӣ. Заминҳо аз дарёи Вахш обёрӣ мешаванд.