Оқолтин, деҳаест дар Совети қишлоқи Қумсангири pайони Қумсангир, вилояти Қурғонтеппа. Территорияи колхози ба номи А. А. Жданов. Аз деҳа то маркази Совети қишлоқ 3 километр, то район 7 километр; роҳ асфалтпӯш.
Аҳолиаш 1575 нафар. (1981), тоҷикон. Деҳа мактаби ибтидоӣ, пункти тиббӣ, 2 магазин ва парки тракторҳо дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — пахтакорӣ ва кишти зироати х ӯ роки чорво. Заминҳо ба воситаи насос аз канали Қумсангир обёрӣ мешаванд.