Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Деҳаи Ниҷонӣ

Деҳаи Ниҷонӣ

Ниҷонӣ, деҳа, маркази Совети қишлоқ  Ниҷовии pайони Уротеппа, вилояти Ленинобод. Территорияи  колхози «Москва». Аз Ниҷонӣ то маркази район 12 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4755 нафар (1982), тоҷикону ӯзбекҳо. Деҳа мактаби миёна, клуб, кинотеатр, хонаи маданият, шӯъбаи алоқа, пункти тиббӣ, дорухона, ошхона, магазин, нонвойхона, устохонаҳои оҳангарӣ ва таъмири пойафзол дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ — ғаллакорӣ, боғу токдорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аэ обанбори Каттасой ва чашма обёрӣ мешаванд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …