Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Дарёи РИУ-НЕГРУ

Дарёи РИУ-НЕГРУ

РИУ-НЕГРУ , дарёест дар Америкаи Ҷанубӣ, асосан дар Бразилия, шохоби чапи Амазонка. Тӯлаш 2300 километр, масоҳаташ ҳавзааш 691 ҳазор километр2. Бо номи Гуайния аз территорияи Колумбия ибтидо меёбад. Ҷараёни болояш то шаҳри Кастанеру остонаҳои бисёре дорад; поёнтар аз он дарё аз пастии Амазонка, аз маҷрои васеи серҷазира мегузарад.

2

Ба Риу-Негру аз чап шохоби калонтаринаш Риу-Бранку ҳамроҳ мешавад. Давраи пуробиаш март — охирҳои август, камобиаш октябр— январ. Сарфи об ба ҳисоби миёна 29,3 ҳазор метр3/сония. Шохоби чапаш (Касикяре) Риу-Негруро бо дарёи Ориноко мепайвандад. Риу-Негру аз резишгоҳаш (дар он ҷо бандари калони Манаус ҳаст) ба масофаи қа- риб 1000 километр киштигард аст.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …