Маълумоти охирин

СИНФҲО

СИНФҲО дар ҷамъият, «синфҳо гуфта гурӯҳҳои калони одамонеро меноманд, ки аз ҷиҳати мақоми ишғолкардаашон дар системаи таърихан муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ, аз ҷиҳати муносибаташон ба воситаҳои истеҳсолот (аксаран ин муносибат дар қонунҳо мустаҳкам карда шуда ва расмият ёфтааст), аз ҷиҳати роле, ки дар ташкили ҷамъиятии меҳнат мебозанд ва аз ин рӯ, аз ҷиҳати тарзҳои гирифтани он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ, ки онҳо дар ихтиёри худ доранд ва аз ҷиҳати миқдори он ҳиссаи сарвати ҷамъиятӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Синфҳо чунин гурӯҳҳои одамон мебошанд, ки ба сабаби гуногун будани мақоми худашон дар сохти муайяни хоҷагии ҷамъиятӣ яке аз он гурӯҳҳо метавонад меҳнати гурӯҳи дигарро аз они худ кунад» (Ленин В. И. Асарҳо, ҷилди 29, саҳифаи 449). Таърифи ленинии Синфҳо мутобиқан ба ҷамъияти антагонистӣ дода шудааст.

  Марксизм — ленинизм мавҷудияти синфҳоро ба фазаи муайяни таърихии инкишофи истеҳсолот, яъне ба тарзи муайяни истеҳсолоти ҷамъиятӣ вобаста карда, асоси моддии ба Синфҳо тақсимшавии ҷамъият ва сарчашмаи асосии антагонизми Синфҳоро кашф намуд. Пайдоиши маҳсулоти изофа ва моликияти хусусӣ боиси пайдоиши Синфҳо гардиданд. Гурӯҳи хурди одамон боигарии ҷамъиятиро соҳибӣ намуда, оммаи васеи аз воситаҳои истеҳсолоту сарвати ҷамъиятӣ маҳрумгаштаро бераҳмона истисмор мекунанд. Аз ин рӯ, Синфҳои ҷамъиятӣ дар истеҳсолот мавқеи гуногунро ишғол мекунанд. Дар ду форматсияи ҷамъиятию иқтисодӣ (ғуломдарӣ ва феодалӣ) Синфҳои истисморшаванда комилан беҳуқуқ буданд. Синфҳо асосӣ ва ғайриасосӣ мешаванд. Синфҳои асосӣ, гурӯҳҳои одамонеро меноманд, ки ба воситаҳои истеҳсолоти ҷамъиятӣ муносибати бевосита доранд. Масалан, ғулому ғуломдор, деҳқону феодал, пролетариату буржуа ва ғайра Дар ҷамъияти истисморӣ хусусияти асосии байниҳамдигарии Синфҳо муносибатҳои витагонистӣ мебошанд. Дар замони сотсиализм бошад, ду синфи дӯсту бародар, яъне коргару деҳқон ва табақаи интеллигеянсияи советӣ вуҷуд дорад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …