Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ЧЕРЧИЛЛЬ Уинстон Леонард Спенсер

ЧЕРЧИЛЛЬ Уинстон Леонард Спенсер

churchill

ЧЕРЧИЛЛЬ (Churchill) Уинстон Леонард Спенсер (30 11. 1874, Бленим, наздикии Вудсток, Оксфордшир —24 1. 1965, Лондон), арбоби давлатӣ, сарвазири Британияи Кабир (1940-45, 1951—55). То с. 1904 консерватор, минбаъд либерал, аз ибт. солҳои 20 аз нав консерватор, яке аз роҳбарони Партияи консервативӣ.

Аз с. 1908 сардори як қатор вазоратҳо, аз ҷумла вазири корҳоиҳои дохилӣ (1910—11), флоти баҳрӣ (1911 —15), ҳарбӣ ва авиация (1919—21; яке аз ташкилотчиёни интервенцияи зиддисоветӣ), мустамликаҳо (1921—22), молия (1924—29) ва ҳарбии баҳрӣ (1939—40) буд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ҳукумати Черчилль ба коалицияи зиддигитлерӣ дохил шуда, бо СССР шартнома баст,  аммо дар Европа кушодани Фронти дуюмро кашол дод. Баъди ҷанг яке аз ташаббускорони «ҷанги сард» (нутқаш дар Фултон, 1946) буд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …