ЧӮБХЎРАКҲО (Anobiidae), як оилаи гамбускҳоро гӯянд. Аксаран дорчинии тира ё сурхтобанд; баданашон устувонашакл (дарозиаш 2—8 мм). Чўбхўракҳо асосан растанихур, баъзеашон лошахур (сапрофаг). Асосан кирминаи онҳо чӯбхӯранд. Баъзе гамбускҳои Чўбхўракҳо тамоман ғизо намегиранд. Чўбхуракҳо бештар дар танаи дарахтони хушкида ҷой мегиранд. Дар дуньё тақр. 1000 (дар СССР қариб 100) намуди Чўбхуракҳо ҳаст. Чӯбхураки хонагӣ (Апо-bium (Coleostothus) pertinax] гамбуски хурдест (2—3 мм), ки кирминааш асосан чӯби биноҳоро мехурад.
Чӯбхӯраки мебел (Anobium domesticum) гамбуски хурдест (3—Чӯбхӯраки мебел:гамбуск (1) ва кирмина (2).4 мм), ки ба чӯби биноҳо ва мебел зарар мерасонад. Усулҳои мубориза: ба қоидаҳои истифодаи бино дуруст риоя намудан, аз рутубат пешгирӣ намудани биноҳои чубин; истифодаи антисептикҳо (ниг. Антисептика).
Ҷалўӯзахӯраки санавбар (Ernobius abielinus) гамбуски хурдест (2—3 мм), ки ба хочагии ҷангал зарари калон мерасонад. Кирминааш чалғӯза ва тухми санавбарро мехояд. Чалғӯзаҳои иллатнок бемаҳал мерезанд. Усулҳои муборизаи зидди он алҳол чандон мукаммал нест. Тирамоҳ чалғӯзаҳои иллатнок рехтаро ғундоштан ва нест кардан лозим.