ЧИНӢ (аз Чин, яъне хитой), чинивор, як навъ сафоли нафисеро гўянд, ки аз гилмояи сафед, хамирак минералҳо, оксидҳо ва диг. моддаҳои ғайриорганикӣ тайёр мекунанд. Аз сафол ва фаянс бо он фарқ мекунад, ки гилмояаш ниҳоят нафис буда, обу рутубатро аз худаш намегузаронад, рангаш сафед ва гармитобовар мебошад. Гилмояи Чинӣ аз каолин, квард, гили пластикӣ, шпати даштӣ ва ғ. иборат аст.
Чиниро барои истеҳсоли асбобҳои рӯзгор, дар саноати химия, электротехника радиотехника ва ғ. истифода мебаранд. Ду навъи Чиниро маъмулан аз ҳам фарқ мекунанд: Чинии нафис (аз Фағфур — ноҳияи қадими Хитой, ки дар он ҷо истеҳсоли Чинӣ ба роҳ монда шуда буд) ва Чинии дурушт (фаянс). Таркиби Чинии дурушт нисбат ба Чинии нафис сермасома буда, обро бештар мегузаронад. Таркиби Чинии дурушт тақр. як-хела аст, вале тарзи пухтани он гуногун мебошад. Чинии нафис бошад, бештар барои таёр кардани асбоби рўзгор ва диг. маснуоти ороиши истифода мешавад.
Чинӣ дар Хитой пайдо шудааст. Асрҳои 7—13 Чинисозӣ хеле тараққӣ карда, сипас дар мамлакатҳои Осиёю Европа маъмул мегардад. Кӯзаю гулдонҳои мухталиф ва диг. маснуоти Чинии дар Хитой тайёркардашуда дар бозорҳои умумиҷаҳонии Шарқу Ғарб фурухта мешуданд. А. 16 истеҳсоли Чинӣ дар Япония ҳам ба роҳ монда шуд. Тақрибан дар ҳамин давра дар Шарқ марказҳои калони истеҳсоли Чинӣ ба вуҷуд омаданд. Баъди а. 17 дар Европа технологияи истеҳсоли Чиниро аз худ намуданд. Дар Россия, Франция, Британияи Кабир устохонаҳои калони мануфактури ба вуҷуд омаданд.
Дар Россия баъди Революцияи Кабири Социалистии Октябрь заводҳои чинибарорӣ миллӣ кунонида шуданд. Солҳои 30 корхонаҳои чинисозӣ чинивории зиёде барои истифодаи умум истеҳсол намуд.
Дар Осиёи Миёна пеш Чинӣ истеҳсол намекарданд. Онро асосан аз Хитой меоварданд.
Дар Тоҷикистон с. 1980 3аводи чинибарорӣ дар ш. Турсунзода ба кор даромад; Соле 25 млн дона чиниворӣ мебарорад.