Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри ЧИКАГО

Шаҳри ЧИКАГО

chicago

ЧИКАГО (Chicago), шаҳрест дар шим. ШМА. Дар соҳили ҷан. ғарбии кўли Мичиган, дар назди резишгоҳи д. Чикаго воқеъ аст. Аҳолиаш 2,97 млн наф. (1980). Чикаго аз ҷиҳати мавқеи иқтисодӣ дар ШМА ҷои 2-юмро ишғол мекунад. Маркази калони саноат, тиҷорату молия ва илму маданият мебошад. Соҳаҳои муҳимми саноаташ: металлургияи сиёҳ, коркарди металл, мошинсозӣ, химия, коркарди нефт, саноати хӯрокворӣ, полиграфия, дӯзандагӣ, мебел ва ғ. Ун-тҳо дорад. Баъди сӯхтори харобиовари с. 1874 шаҳр аз нав сохта шуд. Биноҳои машҳури осмонбӯсаш: бинои 100-ошьёнаи «Ҷон Хэнкок сентер» (1971), 109-ошёнаи «Сирс ва Робак» (1974, баландтарин дар ҷаҳон —442 м). Чикаго маркази коргарон ва ҳаракатҳои демократист. Намоиши с. 1886, ки дар он коргарони корпартофта ширкат доштанд, ба рӯзи 1 Май — рӯзи якдилии пролетариати ҷаҳон алоқаманд аст. Дар Чикаго с. 1919 Партияи Коммунистии ШМА ташкил гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …