Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЕРТИФИКАТ

СЕРТИФИКАТ

СЕРТИФИКАТ (франсавӣ sertificat, аз лотинӣ sertifico— тасдиқ мекунам), 1) ҳуҷҷатест, ки фактеро тасдиқ мекунад (масалан, Сертификат оид ба гардиши киштӣ дар баҳр, Сертификати тиббӣ оид ба эмкунӣ ҳангоми сафар ба ягон мамлакат ва ғайра). 2) Номгӯи облигатсияҳои махсуси заёмҳои давлатӣ, масалан, дар СССР Сертификати кассаҳои амонатии меҳнатии давлатӣ (1927). 3) Сертификати суғуртавӣ, ҳуҷҷатест, ки дорои шарти аҳдномаи суғурта ва иваз кардани ҳуҷҷати суғурта мебошад. 4) Дар савдои беруна Суғуртаи сифат ҳуҷҷатест, ки ташкилотҳои дахлдор медиҳанд ва он сифати молро тасдиқ мекунад (дар СССР Палатаи савдою саноат медиҳад).

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …