Маълумоти охирин
Главная / Техника (страница 26)

Техника

МАГНЕТО

magneto

МАГНЕТО (англ. magneto —мухтасари magnetoclec tric machine —мошини магнитоэлектрӣ), генератори магнитоэлектрии ҷараёни тағйирёбанда барои дар байни электродҳои шамъи афрӯзиш ба вуҷуд овардани разрядҳои электрие, ки омехтаи кориро дар муҳаррики дарунсӯз дармегиронанд. Магнето дар системаҳои афрӯзиши муҳаррики авиационӣ, муҳаррикҳои трактор, автомобил, мотоцикл ва ғ. истифода мешуд; аз солҳои 60 асри 20 …

Муфассал »

МАГНИТОФОН

magnitofon

МАГНИТОФОН (юн., magnetis — магнит ва phone — садо), аппарат барои ба навори магнитӣ сабт кардани сигнали садоӣ (ниг. Сабти садо) ва аз нав шунавондани он. Магнитофон вобаста ба таъинот касбӣ ва маишӣ мешаванд. Магнитофонҳои касбӣ барои истифода дар телевизион, радиошунавонӣ, кино ва ғ., Магнитофонҳои маишӣ барои ҳаваскорон пешбинӣ шудаанд. …

Муфассал »

МАГНИТООПТИКА

magnitooptika

МАГНИТООПТИКА, магнетооптика (аз юн. magnetis — магнит ва оптика), фасли физика, ки таҳти таъсири майдони магнитӣ тағйирёбии хусусиятҳои оптикии муҳитро меомӯзад. Ба ҳодисаҳои магнитооптикӣ инҳо мансубанд: таҷзияи хатҳои спектрӣ дар майдони магнитӣ (ниг. Ҳодисаи Зееман), чархзании ҳамвории поляризацияи рӯшноӣ дар майдони магнитӣ (ниг. Ҳодисаи Фарадей), шикасти дукаратаи рӯшноӣ дар моддаҳои …

Муфассал »

МАГНИТОДИЭЛЕКТРИКҲО

magnitodielektrikho

МАГНИТОДИЭЛЕКТРИКҲО, материалҳои магнитӣ, ки аз омехтаи монолатии хокаи ферромагнитиву моддаи часпонанда — диэлектрик (мас., бакелит, полистирол, резина) иборатанд; дар ҳаҷми хурд муқовимати электрии калон доранд, ки ба миқдору навъи моддаи часпонанда вобаста аст.

Муфассал »

МУҲАРРИКҲОИ ҲАРОРАТӢ

muhariki-harorati

МУҲАРРИКҲОИ  ҲАРОРАТӢ, муҳаррикҳоеанд, ки дар онҳо энергияи гармӣ ба кори механикӣ табдил дода мешавад. Муҳаррикҳои ҳароратӣ захираҳои энергетикии табииро дар намуди сӯзишвории химиявӣ ё ядроӣ истифода мебаранд. Муҳаррикҳои ҳароратӣ ба муҳаррикҳои поршенӣ, рото-рӣ ва реактивӣ ҷудо мешаванд. Истифодаи муштараки онҳо низ имконпазир аст (масалан, муҳаррики турбореактивӣ). Муҳаррикҳои ҳароратиро аз рӯи …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ

muhariki-elektri

МУҲАРРИКИ ЭЛЕКТРӢ, мошинест, ки энергияи электриро ба энер-гияи механикӣ табдил медиҳад. Муҳаррики электрӣ дар саноат, нақлиёт, рӯзгор ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ намуди асосии муҳаррик ба шумор меравад. Аз (рӯи навъи ҷараёни электрӣ муҳаррикҳои электрии ҷараёни доимӣ (афзалияти асосии ин муҳаррикҳо дар он аст, ки басомади чархзании онҳоро сарфакорона ва …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ТУРБОРАКЕТӢ

muhariki-turboraketi

МУҲАРРИКИ ТУРБОРАКЕТӢ муҳаррики муштаракест, ки дар он муҳаррики ракетии моеӣ барои ба ҳаракат овардани турбинаи муҳаррики турбореактивии камераи форсаждор ҷисми корӣ ҳосил мекунад. Дар самолётҳои ҳавоию кайҳонӣ ва зинаҳои аввали ракетаҳои ҳомил истифода бурдани Муҳаррики турборакетӣ пешбинӣ шудааст. Нигаред низ Муҳаррики авиатсионӣ.

Муфассал »

МУҲАРРИКИ ТРАКТОР

muhariki-traktor

МУҲАРРИКИ ТРАКТОР барои тракторҳо муҳаррики дарунсӯз истифода мешаванд. Тракторҳое, ки корхонаҳои тракторсозии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Союз Советских Социалистических Республик СССР истеҳсол мекунанд, асосан бо дизелҳои чортакта кор мекунанд. Иқтидори Муҳаррики трактор тавассути класси кашиш (нигаред Трактор) муайян карда мешавад ва ҳангоми ба 800—2500 гард/ дақиқа баробар будани басомади чархзании …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ РЕАКТИВӢ

muhariki-reaktivi

МУҲАРРИКИ РЕАКТИВӢ, муҳаррикест, ки қувваи кашишро дар на-тиҷаи ба энергияи кинетикии ҷараёни реактивии ҷисми корӣ табдил ёфтани ягон намуди энергия (химиявӣ, электрӣ, ядроӣ ва ғайра) ба вуҷуд меорад; ҳангоми аз соплои муҳаррик бо шаст берун шудани ҷисми кори қувваи реактивӣ (ақибзанӣ) -е пайдо мешавад, ки муҳаррик ва аппаратура  ба он …

Муфассал »

МУҲАРРИКИ РАКЕТӢ

muhariki-raketi

МУҲАРРИКИ РАКЕТӢ, як навъ муҳаррики реактивист, ки ҳавои ат-мосфераро истифода намебарад, ягона муҳаррикест, ки дар кайҳоннавардӣ ба кор меояд. Аз рӯи намуди энергияе, ки дар муҳаррик ба энергияи кинетикии ҷараёни реактивӣ мубаддал мегардад, Муҳаррики ракетӣ ба навъҳои зерин ҷудо мешавад: муҳаррикҳои ракетии химиявӣ (МРХ), муҳаррикҳои ракетии ядрои (МРЯ) ва муҳаррикҳои …

Муфассал »